Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сипи Ливнӣ ба майдони сиёсат бармегардад


Сипи Ливнӣ

Сипи Ливнӣ

Сипи Ливнӣ, собиқ вазири умури хориҷии Исроил, изҳор намуд, ки бо таъсиси ҳизби нав ба сиёсат бармегардад. Хонум Ливнӣ, ки ним сол пеш фаъолияти сиёсии худро муттавақиф карда буд, ахиран дар бораи таъсиси ҳизби “Ҷунбиш” хабар дод ва гуфт, ки ҳизби тозатаъсис дар интихоботи парлумонии моҳи январи соли 2013 ширкат хоҳад кард.

Моҳи май Сипӣ Ливнӣ гуфта буд, ки парлумон ва сиёсатро тарк мекунад, зеро ҳаёти сиёсии Исроил дилашро гирифтааст.

Дирӯз Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил, эълом дошт, ки баъд аз интихоботи парлумонии моҳи январ сиёсатро тарк мекунад.
XS
SM
MD
LG