Пайвандҳои дастрасӣ

27 000 сомонӣ ҷуброни зиёни Искандари Фирӯз аз садамаи нақлиётӣ


Искандари Фирӯз

Искандари Фирӯз

Вакили дифоъ ва наздикони Искандари Фирӯз, хабарнигори ВВС, мегӯянд, тафтиши парвандаи ӯ бо навоқиси зиёд анҷом ёфтааст. Ин парванда, ки рӯзи шанбеи гузашта ба Додситонии кул ирсол шуд, ба қавли вакили дифоъ Фахриддин Зокиров, чанд пешниҳоди калидии ӯро аз эътибор соқит донистааст.

Ӯ гуфт, онҳо аз мақомоти тафтишотӣ дархост карда буданд, ки Насрулло Шарипов – нафари муҷрим дар садамаи нақлиётӣ боздошт шавад, зеро ӯ соли 2008 мӯҷиби марги як нафар дар ҳолати ҳамсон – садамаи нақлиётӣ шудааст. Вай афзуд, ҳамчунин ӯро аз рӯи банди аввали моддаи 127 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – кӯмак накардан ва дар ҳолати хатарнок гузоштани нафаре, ки ба ҳаёташ марг таҳдид дорад, бояд тафтишот муҷрим мешинохтанд.

Вакили дифоъ мегӯяд, аз се тақозои онҳо танҳо яке қонеъ шудааст, ки ин ҳам ташхиси молшиносии зарари воридшуда ба Искандари Фирӯз аст. Мутахассисони Вазорати адлияи Тоҷикистон хисороти ба ҷону моли ӯ расидаро 27 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карда, гуфтанд, ки тибқи муқаррарот то анҷоми омӯзиши парванда ҳарфе нахоҳанд гуфт.

Искандари Фирӯз, хабарнигори ВВС, бо иттифоқи писараш шоми 9-уми октябри соли равон ба садамаи нақлиётӣ дучор омада, ҳудуди 1 моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Ҳоло дар маркази тиббии «Сино» - и шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон аст ва қарор аст рӯзҳои наздик пои ӯ ҷарроҳӣ шавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки парвандаи ӯро шахсан сарвари ин ниҳод Рамазон Раҳимов назорат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG