Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кэтрин Эштон бо Алмосбек Отамбоев музокирот кард


Кэтрин Эштон ва Эрлан Абдилбаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон

Кэтрин Эштон ва Эрлан Абдилбаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон

Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, имрӯз дар Бишкек бо раисиҷумҳури Қирғизитсон Алмосбек Отамбоев музокирот анҷом дод. Аз ин пеш зери раёсати ӯ нишасти Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он вазирон ё муовинҳои вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.

Қарор аст, ки хонум Эштон аз Бишкек ба Тошканд ва баъдан ба Душанбеву Остона равад.

Қабл аз сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Кэтрин Эштон изҳор намуд, ки “Иттиҳодияи Аврупо дар ин минтақа саҳми ҳарчӣ бештар мегузорад”. Созмони Human Rights Watch аз хонум Эштон хост, ки мақомоти кишварҳои минтақаро барои озод кардани мухолифини ғайриқонунӣ зиндонишуда мойил созад.
XS
SM
MD
LG