Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Ёсир Арафот колбадшикофӣ шуд


Манзараи умумии мақбараи Арафот дар Рамаллоҳ
Манзараи умумии мақбараи Арафот дар Рамаллоҳ
Субҳи имрӯз дар Рамаллоҳ ҷасади раҳбари пешини Фаластин Ёсир Арафот колбадшикофӣ шуд. Колбадшикофӣ бо ширкати мутахассисон аз Швейсария, Фаронса ва Русия дар чаҳорчӯби тафтиши эҳтимоли бар асари заҳролудшавӣ аз олам даргузаштани Арафот сурат гирифт. Ба думболи ин ҷасади Ёсир Арафот бо анҷоми маросими арҷгузорӣ дубора дар мақбарааш ба хок супурда мешавад.

Моҳи августи соли равон мақомоти Фаронса тафтиши хабари мутахассисони швейсарӣ оиди дар либосҳои Арафот ошкор шудани нишонаҳои заҳри полонийро шурӯъ карданд.

Мақомоти Фаластин ба расонаҳои хабарӣ инъикоси раванди колбадшикофиро манъ карданд. Қарор аст, ки натиҷаҳои колбадшикофӣ баъд аз чанд моҳ эълон шавад.
Ёсир Арафот соли 2004 дар Порис аз дунё даргузашт. Табибони фаронсавӣ сабабҳои марги ӯро муқаррар карда натавонистанд. Фаластиниҳо дар марги Арафот Исроилро муқассир мехонанд. Аммо мақомоти Исроил дар ин кор даст доштанашонро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG