Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи 58-ум қарор дорад.

Феҳристи нав баъди анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Тайланд нашр шудааст. Тоҷикистон дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи даҳум буда, аз Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни панҷ тими беҳтарин, инчунин, Русия ва Португалия дохиланд.
Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ҷомеаи Муштаркаулманофеъ ва Балтик дар феҳристи ҷаҳонӣ: 4. Русия. 8. Украина. 15. Озарбойҷон. 18. Беларус. 24. Узбакистон. 35. Қазоқистон. 37. Қирғизистон. 48. Латвия. 57. Гурҷистон. 58. Тоҷикистон. 65. Литва. 68. Молдова. 73. Туркманистон. 78. Арманистон. 105. Эстония.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG