Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи ғайримустақими Исроил ва Ҳамос дар Қоҳира


Баъди зарбаи ҳавоии Исроил ба Ғаззаҳ
Баъди зарбаи ҳавоии Исроил ба Ғаззаҳ
Дар Қоҳира гуфтушуниди ғайримустақим миёни Исроилу гурӯҳи Ҳамос дар мавриди иҷрои шартҳои оташбас шурӯъ шуд. Созиши оташбас ба мушакборони дуҷониба, ки ҳашт рӯз идома кард, хотима гузошт. Ин созиш бо миёнҷигарии Миср ҳосил шуд ва гуфтушуниди ғайримустақими Қоҳира низ бо миёнҷигарии дипломатҳои ин кишвар мегузарад.

Дар рӯзҳои муқовимати мусаллаҳона Исроил ба навори Ғаззаҳ тақрибан якуним ҳазор бор зарбаи ҳавоӣ зад. Бар асари мушакборон 160 фаластинӣ ва шаш исроилӣ ҷон бохтанд.

Айни ҳол Ҳамос аз Исроил қатъи муҳосираи навори Ғаззаҳро талаб дорад. Исроил, дар навбати худ, хостори қатъи қочоқи силоҳ аз тариқи нақбҳои зеризаминии Фаластин шудааст.
XS
SM
MD
LG