Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиматтарин саги Тоҷикистон 22 ҳазор евро нарх дорад


Сагони бӯйгири хадамоти кинологии Тоҷикистон соле дар 400 то 700 амалиёт ширкат карда, баъзе ҳолат натиҷаи дилхоҳ ба даст меоранд.

Грейс Зотерховф, гаронарзиштарин саги Хадамоти кинологии Вазорати умури дохилӣ мебошад, ки аз зоти белгӣ буда, соли 2007 аз Қазоқистон бо маблағи 22 ҳазор евро харидорӣ шудааст.

Маҳмадраҳим Азимов, корманди Хадамоти кинологии Вазорати умури дохилии кишвар, мегӯяд, ҳангоме, ки Грейс ба Тоҷикистон оварда шуд, якуним сол дошт. Ҳоло он фаъолтарин саги буйгир дар роҳи кашфу мусодираи ҳам маводи мухаддир ва ҳам асъори хориҷӣ, бахусус доллар ба ҳисоб меравад: «Рӯзе аз шӯъбаи ноҳияи Шоҳмансур ба мо маълумот омад, ки як нафар 50 ҳазор долларро ба яғмо бурдааст. Аз изи дастонаш ҷинояткорро маълум намуданд, вале ӯ гуноҳашро ба гардан намегирифт. Ману Грейс ба ҷои ҳодиса ҳозир шудем. 9 сотих замини ҳавлиро кофта, аз таҳхонаи манзили истиқоматӣ аз бӯяш фаҳмида саги хизматиам долларҳои амрикоиро пайдо намуд. Як дафъаи дигар 24 кг маводи мухаддирро кашф кард. Ман аз ин саг хеле розӣ ҳастам, чунки сагҳои хизматӣ кореро анҷом медиҳанд, ки одамон аз ӯҳдаи он кор баромада наметавонанд.»

Дар Хадамоти кинологии Вазорати умури дохилӣ ба монанди Грейс сагони чолоку кашшоф кам нестанд. Ҳар яке аз ин сагони бӯйгир дар самти худ кор мебаранд. Феълан хадамот бо ҳузури сагҳои бӯйгир дар панҷ самт, аз ҷумла пайгирӣ, кофтукови маводи таркандаву яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, кори одеорологӣ (чорабинии тафтишотӣ, ки саги бӯйгир ҷинояткор ва ё олоти ҷиноятиро аз бӯяш муайян мекунад), посбониву пайраҳадорӣ фаъолият мебарад.

Соле пеш дар як ҳафта дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт се ҷинояти куштор содир шудааст, ки бо кӯмаки сагони хизматии хадамот ҷинояткор ошкор гардид. Ба гуфтаи Шуҳрат Улмасов, роҳбари хадамоти мазкур сагони хизматӣ кореро анҷом медиҳанд, ки ходимони мақомоти қудратӣ дар иҷрои он оҷиз мемонанд: «Чанде пеш кушторе бо истифода аз яроқи оташфишон содир карда шуд. Ҷинояткор баъд аз содир намудани куштор бо мақсади аз байн бурдани далели шайъӣ, яроқро ба дарёи Душанбе мепартояд. Кормандони милиса оби дарёро хушк карда, давоми як моҳ яроқро кофтанд, вале пайдо карда натавонистанд. Ва маҷбур ба мо муроҷиат намуданд. Сагони хизматии таппончаи Макаровро зуд дарёфтанд.»

Худойбердӣ Гунгов, яке аз кинологҳои хадамот, мегӯяд, кор бо саг мушкил аст, чунки cагҳои хизматӣ хислату рафтори хоса доранд. Ин аст, ки ба гуфтаи Гунгов кинолог аз пешаи худ бояд ҳаматарафа огоҳ бошад, чун «сагро фиреб карда намешавад. Агар маводи мухаддир ва ё тарканда бошад, ӯ пайдо мекунад. Ӯро ба роҳи нодуруст бурда, гумроҳ карда намешавад. Ҳангоми бо саг кор кардан баробари он бояд кинолог тайёр бошад. Агар саг тайёру кинолог омода набошад, дар ҷойи ҳодиса кор бурда наметавонад. Бояд кинолог бо сагаш хеле зиёд тамрин кунад. Ҳатто шабонарӯзӣ.»

Дар ҳамин ҳол ахиран дар Тоҷикистон дарси такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти кинологии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ки давоми ду ҳафта ҷараён дошт, ба поён расид.
Гуфта мешавад, тӯли ин муддат дар он иштирокдорон махсусиятҳои анатомӣ ва физиологии сагҳо, принсипҳои асосӣ ва қоидаҳо оид ба нигоҳубин ва таъмини ғизо ба онҳо, пешгирии бемориҳо ва расонидани аввалин ёрии тиббӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш ва сироят ба беморӣ дарс хонданд.

Маҳмадраҳим Азимов, корманди Хадамоти кинологии Вазорати умури дохилии кишвар, вуҷуди чунин омӯзишҳои ихтисосиро барои ҳамкасбонаш муҳим мешуморад. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 5 соли фаъолият бинобар ба таври бояду шояд огоҳ набудан аз ҳирфаи худ, дар хадамот бештар аз 10 саги хизматиро дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз даст додаанд.

Баробари ин Шӯҳрат Улмасов, роҳбари ин хадамот мегӯяд, бо он, ки манфиати сагони буйгир хеле зиёд аст, мабалағгузорӣ барои нигоҳубини ин сагон ночиз мебошад. Ба таъкиди Шӯҳрат Улмасов, феълан шароити буду бош ва хурду хӯроки ин сагон беҳбудиро металабад: «Сагони хизмати ба монанди сагони хонагӣ нестанд, ки бо устухон ва ё нони қоқ қаноат кунанд. Ин сагон нерӯи зиёд сарф мекунанд ва бояд онро бо хурду хуроки хуб барқарор намоянд. Мувофиқи меъёр сагони хизматӣ дар як рӯз бояд 400-500 грамм гӯшти дараҷаи дуюм, 600 грамм ярма, 300 грамм сабзавот, витаминҳои зарурӣ, равғани моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ истеъмол намоянд, вале аз ин номгӯи маҳсулот танҳо 37 дар сад барои сагони бӯйгири мо дастрас аст. Бо дарназардошти ин мо ҳоло талош дорем бо дастгирии вазорати корҳои дохилӣ дар рӯзҳои наздик сагони хизматиамонро ба хуроквории хушки махсус гузаронем. Агар ин даст диҳад дигар дар масъалаи хурду хӯрок мушкилӣ намешавад.»

Зимнан, Хадамоти кинологии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2007 таъсис шудааст, ки он замон ҳамагӣ 4 саги бӯйгир дошт. Ҳоло теъдоди сагони бӯйгир дар ин марказ ба 60 адад расидааст. Аз ин теъдод 12 адади он аз Қазоқистон, Узбакистон ва Русия дастрас гардида, боқимонда дар хадамот наслгирӣ шудаанд. Аммо ин гуна сагон дар кулли кишвар, аз ҷумла дар сафи вазорати умури дохилӣ ба бештар аз 300 адад мерасад.
XS
SM
MD
LG