Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи кишварҳои қаламрави евро дар бораи қарзи Юнон


Кишварҳои қарздиҳанда ба Юнон ба тавофуқ расиданд, ки маблағи дигари пешбинишудаи қарзро дар ихтиёри Юнон гузоранд, то бӯҳрони қарзи худро паси сар кунад.

Баъд аз музокирот дар Бруссел вазирони молияи кишварҳои қаламрави евро ва Сандуқи байналмиллалии пул ба тавофуқ расиданд, ки қарзи Юнонро 40 миллиард евро коҳиш диҳанд ва қарзи Юнон то соли 2010 ба андозаи 124 дарсади даромади нохолиси миллиаш поин равад.

Ин кор ба Юнон имкон медиҳад, ки 44 миллиард евро бигирад ва дар моҳи декабр дастмузд ва нафақаҳоро пардохт кунад.

Тасмими ниҳоиро дар бораи додани қарз бояд дар баъзе порламонҳои кишварҳои қаламрави евро низ ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG