Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон боз шабакаи Facebook-ро бастанд


Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook маҳдуд шудааст. Шоми рӯзи якшанбе Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои пешкашкунандаи хадамоти интернетӣ дар ин бора СМС фиристод.

Ҳоло се ширкати фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ ва се шаркати телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ ба Facebook-ро қатъ кардаанд.

Баъзе аз ширкатҳо дастрасиро қатъ накардаанд ва номаи расмии Хадамоти алоқаро интизоранд.

Соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки дастрасӣ ба Facebook қатъ мешавад. Бори авваал ин кор 3 май сурат гирифта буд. Ба ҷуз аз Facebook сомонаҳои Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org ва centrasia.ru баста шуда буданд. Вале як ҳафта пеш аз мулоқоти рӯзноманигорон бо раиси ҷумҳур Facebook-ро боз карданд. Сомонаҳои дигар то ҳол баста боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG