Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аамрико саҳмияи нафти Қашағанро ба Ҳинд мефурӯшад


Намое аз ҷоҳи Қашаған
Намое аз ҷоҳи Қашаған
Ширкати нафти ConocoPhillips-и Амрико эълон кард, ки саҳмияи худро дар ҷоҳи нафти Қазоқистон бо номи Қашаған ба арзиши 5 миллиард доллар ба як ширкати Ҳиндустон мефурӯшад.

Дафтари марказии ширкати ConocoPhillips дар Текзас ҷойгир аст ва 8,4 дарсади саҳмияҳои Қашағанро дар ихтиёр дорад. Аз авоили солҳои 1970 Қашаған бузургтарин ҷоҳи нафтхези ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҷоҳ ҳамон солҳо кашф шуда буд.

Фурӯши саҳмияро аз ҳафтаҳо ба ин сӯ интизор буданд, вале фурӯши он ба ширкати ONGC Videsh-и Ҳиндустон ғайриинтизор аст. Моҳи октябри соли ҷорӣ КазМунайГаз эълон карда буд, ки мехоҳад саҳмияҳои ConocoPhillips-ро бихарад.

Ҷоҳи Қашаған дар Дарёи Хазар дар қисмати Қазоқистон ҷойгир аст ва захираи он 38 миллиард бушкаро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, ки тавлиди тиҷоратии нафти ин манбаъ дар нимаи аввали соли 2013 оғоз шавад. Ширкатҳои Shell, Exxon Mobil, Total ва КазМунайГаз низ дар он саҳмияҳои худро доранд.
XS
SM
MD
LG