Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Мурсӣ ба беҳбуди вазъи сиёсӣ хушбин аст


Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ

Сухангӯи Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгарои Миср гуфт, раҳбари ин кишвар “хеле хушбин” аст, ки Миср бӯҳрони сиёсии кунуниро паси сар хоҳад кард. Ин бӯҳрон баъд аз судури фармони вай дар бораи тавсеаи салоҳиятҳояш пеш омада буд.

Ёсир Алӣ-сухангӯи Мурсӣ ин нуктаро пеш аз оғози мулоқоти раиси ҷумҳур бо Шӯрои олии додрасҳо изҳор дошт.

Баъд аз судури фармони рӯзи панҷшанбеи Мурсӣ Шӯрои додрасҳо наметавонистанд бар тасмимҳои вай назорат кунанд. Мухолифон ва ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ аз он рӯз ба тахзоҳурот баромаданд ва ҳоло дар майдони Таҳрири Қоҳира хайма задаанд.

Ҳамзамон Ихвонулмуслимини Миср нақшаи худро дар бораи баргузор кардани раҳпаймоии рӯзи сешанбе ботил эълон карданд, то миёни ҷонибдорони онҳо ва мухолифрони Муҳаммад Мурсӣ задухӯрд рух надиҳад. Муҳаммад Мурсӣ аз Ихвонулмуслимин намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG