Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди К.Эштон аз Тифлис


К.Эштон дар мулоқот бо М.Саакашвилӣ

К.Эштон дар мулоқот бо М.Саакашвилӣ

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз барои 3 соат аз Гурҷистон боздид кард. Эштон дар Тифлис бо раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ мулоқот кардааст. Эштон аз Тифлис роҳии Осиёи Марказӣ мешавад. Ӯ фардо аз Қирғизистон ва рӯзи чоршанбе аз Узбакистон боздид хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе хонум Эштон ба Тоҷикистон сафар дошта, нуқтаи ниҳоии силсиласафар дидори рӯзи ҷумъаи ӯ аз Қазоқистон хоҳад шуд. Ин нахустин сафари Эштон ба Осиёи Марказӣ ба ҳайси раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупост. Созмони Human Rights Watch аз Эштон хост, то бо ҳомиёни ҳуқуқ низ мулоқот ва ба раҳоии фаъолони иштибоҳан зиндонишуда даъват кунад.
XS
SM
MD
LG