Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Мурсӣ бо қозиёни аршад


Мурсӣ
Мурсӣ
Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ имрӯз ба хотири хатми буҳроне, ки қарори ӯ барои ироаи салоҳиятҳои бештар ба президент ба бор овард, қозиёни аршадро ба ҳузур пазируфт. Шӯрои олии қазоияи Миср имрӯз фармони президентро радд накард, вале гуфт, салоҳиятҳои ӯ дар “масоили алоҳида” бояд маҳдуд карда шаванд. Вазири адлияи Миср изҳори боварӣ кард, ки Мурсӣ ба пешниҳоди қозиён гӯш хоҳад дод. Қарори рӯзи 22 ноябр ин раисиҷумҳури исломгароро аз ҳадди назорати қозиён боло мегузошт. Мурсӣ мегӯяд, ки ин тасмими ӯ муваққат ва ба хотири суръат бахшидан ба ислоҳоти демократист. Вале эътирозгарон ба кӯчаҳо рехта, Мурсиро айбдор карданд, ки мисли диктатор рафтор мекунад. Дар ин чанд рӯзи ошӯбҳо як тан ҳалок ва даҳҳо тан захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG