Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши алюминий имсол башиддат коҳиш ёфтааст


Тоҷикистон имсол аз фурӯши алюминий 448,5 миллион доллар ба даст овардааст, ки назар ба 10 моҳи аввали соли гузашта 171 миллион доллар камтар аст. Содироти алюминий низ дар маҷмӯъ имсол 13 300 тонна коҳиш ёфта, 221 500 тоннаро ташкил додааст. Манобеъи “Азия Плюс” дар вазорати иқтисод гуфтаанд, ки аз 2 688 то 2025 доллар, яъне қариб 35 дарсад пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ боис шуд, ки ҳаҷми фурӯши он кам шавад. Алюминий умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон маҳсуб шуда, қариб 60 фоизи содироти кишварро ташкил медиҳад. ТАЛКО имсол тавлиди 387 000 тонна алюминийро дар нақша гирифтааст.
XS
SM
MD
LG