Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи молу мулки як созмони маъруф дар Беларус


Мақомоти Беларус имрӯз молу мулки як созмони маъруф, вале сабтиномнашудаи ҳомии ҳуқуқи башарро мусодира карданд. Дафтари “Вясна” 12 сол боз дар манзили раҳбараш Алес Бялатский қарор дошт. Бяталтский соле пеш бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти андоз ба 4,5 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Худи ин ҷурмро радд мекунад. Мақомот ба дари манзили Бялтаский қуфл зада, калидашро ба ҳамсари ӯ додаанд. Онҳо мегӯянд, сарнавишти ин манзилро додгоҳ таъйин хоҳад кард. “Вясна” ҳафтаи гузашта аз мақомот нома гирифта буд, ки ин манзилро то 26 ноябр холӣ кунад.
XS
SM
MD
LG