Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Эштон ба Қафқозу Осиёи Марказӣ


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз сафараш ба Гурҷистону Осиёи Марказиро оғоз мекунад. Ӯ имрӯз аз Гурҷистон, фардо аз Қирғизистон ва рӯзи чоршанбе аз Узбакистон боздид хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе хонум Эштон ба Тоҷикистон сафар дошта, нуқтаи ниҳоии силсиласафар дидори рӯзи ҷумъаи ӯ аз Қазоқистон хоҳад шуд. Ин нахустин сафари Эштон ба Осиёи Марказӣ ба ҳайси раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупост. Ӯ гуфтааст, ки дарр ин минтақа ба ҳимоят аз ҷомиаи шаҳрвандӣ ва пешрафти иқтисодии кишварҳо садо баланд хоҳад кард. Созмони Human Rights Watch аз Эштон хост, то бо ҳомиёни ҳуқуқ низ мулоқот карда, ба раҳоии фаъолони иштибоҳан зиндонишуда даъват кунад.
XS
SM
MD
LG