Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани ҷаҳонии муҳити зист дар Доҳа


Анҷумани солонаи СММ дар масоили муҳити зист дар Доҳа –пойтахти Қатар – оғоз ёфт. Намояндагони ҳудуди 200 кишвар дар ин ҳамоиш талош мекунанд, то замони эътибори паймони феълии коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазоро тамдид ва ба таҳияи паймони ҷадид дар ин замина шурӯъ кунанд. Вазири хориҷаи Африқои ҷанубӣ ва раҳбари кунунии Анҷумани тағйири иқлими СММ Маите Нкоана-Машабане дар оғози анҷумани Доҳа гуфт: «Иқдоми оҷил лозим аст, то мо аз фалокати ҷаҳонӣ барои насли оянда пешгирӣ кунем. Мо наметавонем дар амри муқобила бо ин чолиш дудилагӣ нишон диҳем.» Ӯ афзуд, «тағйири иқлим ҷиддитарин чолиш дар роҳи рушди доим дар даврони мост. Мо бояд ҳоло иқдом кунем.»
Замони эътибори паймони Киото то поёни соли ҷорист. Амрико то ҳол ин паймонро тасвиб накардааст, аз ҷумла ба далели тааҳҳуди ками Чин дар робита ба коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ. Канадаву Ҷопон ва Русия низ аз паймони Киото хориҷ шудаанд. Соли гузашта кишварҳо ҷиҳати то соли 2015 таҳия кардани паймони ҷадиди зистмуҳитӣ тавофуқ карданд. Нишасти Доҳа то 7 декабр давом мекунад.
XS
SM
MD
LG