Пайвандҳои дастрасӣ

"Шабе дур аз ватан" ба Молдова рафтааст


Бозори Собир

Бозори Собир

“Авесто” хабар дод, ки Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи “Шабе дур аз ватан” ба ҷашнвораи байналмилалии “Молдфест.рампа.ру” рафтааст. Ин ҷашнвора дар Кишинёв- пойтахти Молдова 23 ноябр оғоз ёфта, як ҳафта идома хоҳад кард. “Шабе дур аз ватан”-ро коргардон Нозим Меликов бар пояи ашъори шоири шинохтаи тоҷик Бозори Собир сохтааст. Бозори Собир соли 1993 қариб 10 моҳро дар зиндон ба сар бурда, баъди раҳоияш ба Амрико паноҳ овард ва то ҳол дар ғурбат ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG