Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Клинтон аз "Роҳи нави абрешим"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон тарҳи «Роҳи нави Абрешим»-ро як бахши калидии сиёсати дарозмуддати Амрико дар Афғонистон номидааст. Клинтон рӯзи шанбе дар донишгоҳи Сингапур гуфт, «Роҳи нави абрешим» шабакаи роҳҳои тиҷориву нақлиётиест, ки аз даштҳои Осиёи Марказӣ то ба бандарҳои Ҳинд доман хоҳанд густурд. Клинтон ин барномаро бо «плани Маршалл», ки баъди ҷанги дувуми ҷаҳон заминаи эҳё ва пешрафти Аврупои ҷангзадаро фароҳам овард, монанд кардааст. Амрико тарҳи «Роҳи нави Абрешим»-ро аз тобистони соли 2011 ба ин сӯ ташвиқ мекунад. Ҳадафи ин тарҳ ба як кишвари муҳими транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ табдил додани Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG