Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каталония аз Испания ҷудо мешавад?


Артур Мас-раҳбари Каталония
Артур Мас-раҳбари Каталония
Чунин ба назар мерасад, ки дар интихоботи минтақавии порламони Каталонияи Испания эътилофи миллатгаро ва ҷудоихоҳи ҷонибдори истиқлолияти Каталония бо номи “Конвернҷенс ва Юнион” ё “Ҳамгероӣ ва Ваҳдат” дар сафи пеш қарор дорад. Ба ин эътилоф чаҳор ҳизб дохил мешаванд.

Интизор меравад, ки ин эътилоф аз 135 курсии порламони минтақавӣ соҳиби 54-57 курсӣ шавад.

Мумкин аст мақоми дуввумро ҳизби чапгарои “Ҷумҳурихоҳ” бигирад. Ин ҳизб ҳам хостори истиқлолияти Каталония аст.

Артур Мас-раҳбари ҳукумати Каталония аз ҷонибдорони истиқлолият ва ҷудоихоҳӣ мебошад, қавл дода буд, ки агар дар интихобот бори дигар пирӯз шавад, барои истиқлолият райпурсӣ баргузор мекунад.

Мас гуфтааст, ки бори гарони молиёти Испания бар дӯши Каталония аст ва агар аз Испания ҷудо шуда, чун кишвари мустақил ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд, барояш беҳтар хоҳад буд.

Аз панҷ як ҳиссаи тавлидоти Испания ба Каталония дуруст меояд ва мардуми минтақа эҳсос мекунанд, ки ҳукумати марказӣ дар Мадрид ба онҳо бахши камтари ин даромадро бозмегардонад.
XS
SM
MD
LG