Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи Қулма то резиши барф фаъолият хоҳад кард


Масъулини Бадахшон мегӯянд, сарфи назар аз ҳаводиси ахири Хоруғ мизони додугирифти молу коло тавассути гузаргоҳи Қулма афзоиш ёфта, ба 33 миллион доллар расидааст.

Абдураҳим Қодиров-муовини сардори раёсати гумруки вилоят ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба сардшавии ҳаво нигоҳ накарда, воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон тавассути ин гузаргоҳ коҳиш наёфтааст ва то боришоти барф ва басташавии ағбаҳои душворгузар, гузаргоҳи Қулма фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Қодиров, дар давоми сол бештар аз 3,5 ҳазор автомашинаҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс бо соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид карданд.

Вай гуфт, соҳибкорон ҳуқуқ доранд, дар кадом минтақае, ки хоҳанд дар нуқтаҳои гумрукӣ борашонро ба расмият дароранд. Аз ҷумла 30 дарсади моли воридотӣ дар нуқтаҳои гумруки вилоят ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст.
XS
SM
MD
LG