Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нооромиҳои Миср як нафар кушта шудааст


Дар Миср Ихвонулмуслимин таъйид кард, ки дар яке аз ҳамлаҳо ба намояндагиҳои ин гурӯҳ дар беруни бино як нафар кушта шудааст. Дирӯз дар ин ҳамлаҳо ҳамчунин даҳҳо нафар дар гулӯгоҳи Нил дар шаҳраки Даманҳур ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузоришҳо, ин даргириҳо миёни мухолифон ва ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср сурат гирифтааст. Мурсӣ намояндаи Ихвонулмуслимин мебошад.

Баъд аз фармони рӯзи панҷшанбеи Мурсӣ дар бораи тавсеаи салоҳиятҳояш ин нахустин куштор будааст. Дар фармон омадааст, ки касе наметавонад то баргузории интихоботи нави порламонӣ бар зидди фармон ё тасмимҳои раиси ҷумҳур шикоят барад.

Қарор аст имрӯз Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср бо аъзои Шӯрои Додгоҳи Олӣ мулоқот ва роҳҳои оромии вазъро баррасӣ кунад.

Баъд аз ин фармони раиси ҷумҳур қозиёни додгоҳ кори худро қатъ карданд ва нируҳои мухолиф гуфтанд, ки Мурсӣ мехоҳад низоми диктаторӣ ҷорӣ кунад.

Шӯрои Додгоҳи Олӣ розӣ шудааст, ки бо Мурсӣ мулоқот анҷом медиҳад ва ҳамзамон аз қозиёни додгоҳ хостааст, ки кори худро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG