Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Sunday Times: "Эрон ба Ғазза мушак фиристодааст"


Рӯзномаи бритониёии "The Sunday Times" моҳвораҳои Исроилӣ, як киштии иронии ҳомили мушак ва дигар аслиҳаро мушоҳида кардаанд, ки зоҳиран ба самти Навори Ғазза ҳаракат мекунад. Ба гуфтаи рӯзнома, мушакҳоро ҳафтаи гузашта аз Бандар Аббоси Эрон бор кардаанд ва дар рӯзе, ки миёни Ҳамос ва Исроил барои хотима додан ба ҷанги чандрӯза созиши оташбас ҳосил шуд. "The Sunday Times" аз қавли маъмурони амниятии Исроил навиштааст, ки дар киштӣ аз ҷумла мушакҳои Фаҷр-5 бор кардаанд, ки Ҳамос дар ҷанги ахир ба Байтулмуқаддас ва Тел Авив партоб кард. Дигар мушак Шаҳоб-3 ва сохти Эрон аст, ки қодир ба парвоз ба масофаи дарозтар мебошад. Манобеъе дар вазорати дифоъи Исроил ба рӯзнома гуфтаанд, сарфи назар аз созиши оташбас, дар сурати ёфтани ҳаргуна силоҳӣ интиқолӣ ба Ғазза онро нобуд хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG