Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯи афғон дар муноқишаи мазҳабӣ кушта шуд


Дар пайи марги як донишҷӯ дар муноқишаҳои мазҳабӣ дар Афғонистон дари се донишгоҳи бузургро барои 10 рӯз ба рӯи донишҷӯён бастанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки вазорати таҳсилоти олӣ ба хотири эҳтиёт, барои даҳ рӯз дар ин се донишгоҳ, таътил эълом кардааст. Рӯзи якшанбе гурӯҳе аз донишҷӯёни суннимазҳаб маросими Ошуро дар шаҳри Кобулро халалдор карданд, ки дар натиҷа миёни онҳо ва шиъамазҳабон муноқиша бархост. Донишҷӯён бо сангу калтак ба ҳам дарафтоданд ва дар ин муноқиша як донишҷӯ кушта ва 28 тани дигари онҳо маҷрӯҳ шудаанд. Дар маросими Ошуро шиъамазҳабон ёди Имом Ҳусайн, набераи Ҳазрати Муҳаммадро гиромӣ медоранд, ки соли 680 аз тарафи сарбозони артиши Халифаи Язид кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG