Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Карбало маросими Ошуро идома дорад


Миллионҳо нафар аз зойирони шиъамазҳаб имрӯз ба шаҳри Карбало рехтаанд, то дар маросими Ошӯро ва ё сӯгворӣ дар ҳаққи набераи Ҳазрати Муҳаммад ширкат кунанд. Дар ин маросим мардуми зиёде бо синазанӣ ва оҳу фиғон дар фироқи Имом Ҳусейн набераи паёмбари ислом меноланд, ки соли 680 аз тарафи урдӯи Халифаи Язид кушта шуд. Амалуддин ал-Ҳор, раиси вилояти Карбало ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, ки барои ширкат дар Ошуро 3 миллион нафар, аз ҷумла 200 ҳазор зойир аз хориҷи Ироқ омадаанд. Барои таъмини амнияти зойирон, 30 ҳазор маъмури амниятиро ба дарвозаҳои шимолу ҷануб ва шарқии Карбало сафарбар кардаанд. Дар гузашта тундравон бо бомбгузорӣ дар ин маросим даҳҳо нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG