Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон ҳосили рекордии гандум гирифтаанд


Бино ба арзёбиҳои ахири вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳосили ғалладонаи деҳқонони вилояти Хатлон имсол ба тақрибан 554 ҳазор тонна расидааст, ки ҳосили рекордӣ маҳсуб мешавад. Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико (USAID) бо нашри баёнияе гуфтааст, афзоиши ҳосили ғалладона дар Хатлон ба шарофати кишти навъи нави гандум бо номи Краснодар-99 аст, ки бо мусоидати ҳамин муассиса ба Тоҷикистон овардаанд. Кишоварзоне, ки ҳамин навъи гандумро кишт кардаанд, аз ҳар гектар то чаҳоруним тонна ҳосил гирифтаанд, агарчӣ дар вилоят ҳосили миёнаи гандум аз ҳар гектар ба дувуним тонна мерасад. USAID соли 2008-ум 600 тонна гандуми тухмии Краснодар -99 ро дар миёни деҳқонони Хатлонӣ тақсим кардааст, ки пештар бо кишти тухмиҳои пастсифат ҳосили ночиз мегирифтанд. Дар баёнияи ин муассисаи имдодии амрикоӣ омадааст, ки ин навъи гандум, ба бемориҳо муқовим аст ва орди хубе аз он ҳосил мешавад.
XS
SM
MD
LG