Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи "нохушоянд" дар Испониё


Субҳи якшанбе интихоботи маҳаллӣ дар вилояти Каталонияи Испониё шурӯъ шуд, ки мумкин аст, роҳро барои ҷудо шудани он аз Испониё боз кунад. Давлати маҳаллии Каталония ба раҳбарии Артур Мас гуфтааст, дар сурати дигарбора ба даст овардани раъйи кофӣ, барои таъйини сарнавишти ин вилоят як ҳамапурсӣ баргузор хоҳад кард. Вилояти Каталония яке аз пурдаромадтарин вилояти Испониё аст ва баъзе аз сиёсатмадорони маҳаллӣ мегӯянд, ки вилояти мазкур ба ҳукумати маркази молиёти беш аз ҳад медиҳад ва Каталония дар сурати мустақил шудан ва пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо хубтар рушду нумӯъ хоҳад кард. Интихобот дар Каталония дар замоне баргузор мешавад, ки иқтисоди Испониё дар ҳоли рукуд қарор дорад ва бекорӣ дар кишвар бештар 20 дар садро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG