Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи "варзишгарони сол"-ро эълом карданд


Иттиҳодияи Байналмилалии Варзишгарони Ғайриҳирфаӣ, Усайн Болт ва Эллисон Феликсро варзишгарони сол унвон кард. Дар маросиме дар шаҳри Барселонаи Испониё, Усайн Болт давандаи тезрав аз Ямайкаро барои ба даст овардани се медали тилло дар бозиҳои имсолаи олимпӣ дар шаҳри Ландан беҳтарин варзишгари марди сол номиданд. Элиссон Феликс, давандаи амрикоӣ низ дар ҳамин бозиҳо дар миёни бонувон се маротиба медали тиллоро аз они худ кард ва ба ҳамин хотир ӯро шоистаи номи беҳтарин варзишгари сол дар байни занон донистаанд.
XS
SM
MD
LG