Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргбор дар як маросими шиъаҳои Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, бомбгузорӣ дар як маросими мазҳабии шиъамазҳабон дар шимолуғарби кишвар дасти кам 7 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ кардааст. Чаҳор нафар аз қурбониёни таркиш кӯдакон будаанд. Ҳодиса дар маҳаллаи Дараи Исмоил Хон ба вуқӯъ пайвастааст. Шиъамазҳабони Покистон рӯзи шанбе ёди Имом Ҳусейн, набераи Ҳазрати Муҳаммадро гиромӣ доштанд, ки соли 680 кушта шудааст. Мақомоти Покистон дар остонаи ин маросими мазҳабии шиъамазҳабон, иртибот аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ дар бисёре аз шаҳрҳои кишвар боздоштанд, зеро телефонҳои ҳамроҳро метавонанд, ба ҳайси абзори ба ҳаракат оварандаи бомб истифода баранд.
XS
SM
MD
LG