Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки АвруОсиё бори андозро дар Тоҷикистон «миёна» гуфт


Бонки авруосиёии рушд мегӯяд, бори андоз дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар сатҳи «миёна» қарор дорад.

Ин бонк дар гузориши нави худ, бо номи «Таҳдидҳо барои ниҳодҳои молиявии давлатӣ, дар пасманзари буҳронҳои ҷаҳонӣ», гуфтааст, бори андоз дар Тоҷикистон танҳо аз Озарбойҷону Қазоқистон вазнинтар буда, аз кишварҳои дигари ИДМ, аз қабили Қирғизистон, Арманистон, Белорусия, Украина, Русия ва Молдова сабуктар аст.

Ҳаҷми андози Тоҷикистонро Бонки авруосиёии рушд 18 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар арзёбӣ мекунад. Ин нишондод дар кишварҳои Арманистону Қирғизистон 19 фоиз, Украина 25, Русия ва Белорусия 27 фоизӣ ва Молдова 31 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми андоз дар Узбакистону Туркманистон дар гузориши Бонк нишон дода нашудаст.
XS
SM
MD
LG