Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурсӣ мегӯяд, Миср дар роҳи гузор қарор дорад


Муҳпаммад Мурсӣ

Муҳпаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср ба ҷонибдоронаш гуфт, ки ҳоло ин кишвар дар “роҳи гузор ба демократия” қарор дорад. Вай як рӯз пеш фармоне содир кард, ки тибқи он салоҳиятҳои раиси ҷумҳур бештар мешавад.

Мурсӣ рӯзи ҷумъа дар Қоҳира дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ба ҷонибдоронаш паём фиристод ва гуфт, вай “барои суботи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ кор мекунад”.

Ин дар ҳолест, ки ҷонибдорон ва мухолифони президент Муҳаммад Мурсӣ рӯзи ҷумъа бар зидди якдигар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Дафтари намояндагиҳои Ҳизби Озодиву Адолат, ки силоҳи сиёсии Ихвонулмуслимин дониста мешавад, дар Исмоилия, Порт Саид ва Суетс оташ зада шудаанд.

Тибқи фармони ахири раиси ҷумҳур касе наметавонад бар зидди тасмим ва тадбирҳои вай эътироз ва ё шикоят кунад, зеро он гуна, ки дар фармон омадааст, ҳадафи чунин тадбирҳо ҳимоят аз дастовардаҳои инқилоб будааст. Ин фармон норизоятии баъзе қашрҳои мухталифи ҷомеаро барангехт.
XS
SM
MD
LG