Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Юлия Тимошенко боз ба таъхир афтод


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
Рӯзи ҷумъа мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина то 18 декабр мавқуф гузошта шуд. Дар ин мурофиа масъалаи саркашии Тимошенко аз пардохти андоз ё молиёт баррасӣ мешавад.

Сабаби ба таъхир афтодани мурофиаро ба вазъи саломатии хонум Тимошенко иртибот медиҳанд.

Моҳи октябри соли гузашта хонум Тимошенко барои суистифода аз мақоми нахуствазирӣ 7 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Мурофиаи дуввум, ки дар он саркашӣ аз пардохти молиёт баррасӣ мешавад, бояд моҳи апрели ҳамин сол баргузор мегардид.

Хонум Тимошенко 51 сола аст ва ҳеҷ як аз ин иттиҳомотро қабул надорад. Вай мегӯяд, ин иттиҳомот ангезаи сисёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG