Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе намояндагиҳои ҳизби Мурсӣ дар Миср оташ зада шуд


Тазоҳуроти эътирозӣ дар Миср

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Миср

Телевизиони Миср гузориш дод, ки рӯзи ҷумъа дар 3 шаҳри ин кишвар тазоҳуркунандагон дафтари намояндагиҳои Ихвонулмуслиминро оташ задаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷонибдорон ва мухолифони президент Муҳаммад Мурсӣ бар зидди якдигар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Як рӯз пеш Муҳаммад Мурсӣ фармоне содир кард, ки тибқи он бояд салоҳиятҳои вай чун раиси ҷумҳур бештар шавад.

Дафтари намояндагиҳои Ҳизби Озодиву Адолат, ки силоҳи сиёсии Ихвонулмуслимин дониста мешавад, дар Исмоилия, Порт Саид ва Суетс оташ зада шудаанд.

Тибқи фармони ахири раиси ҷумҳур касе наметавонад бар зидди тасмим ва тадбирҳои вай эътироз ва ё шикоят кунад, зеро он гуна, ки дар фармон омадааст, ҳадафи чунин тадбирҳо ҳимоят аз дастовардаҳои инқилоб будааст. Ин фармон норизоятии баъзе қашрҳои мухталифи ҷомеаро барангехт.
XS
SM
MD
LG