Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаластинӣ аз тири сарбозони Исроил кушта шудааст


Кормандони беҳдошти Фаластин мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар Ғазза дар наздикии марз бо Исроил як фаластинӣ ҳадафи тир қарор гирифтааст.

Аммо сухангӯи артиши Исроил ин хабарро натавонист таъйид кунад ва гуфт, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар наздикии марз дар қаламрави Фаластин нооромӣ рух додааст ва сарбозони Исроил ба он сӯ ба нишонаи ҳушдор тир андохтаанд.

Ба гуфтаи кормандони беҳдошти Фаластин, 10 наврас низ аз тири сарбозони Исроил захмӣ шудаанд. Агар куштори ин як нафар дуруст бошад, дар он сурат баъд аз оташбаси ахири миёни Ҳамос ва нируҳои Исроил ин нахустин куштор мебошад.
XS
SM
MD
LG