Пайвандҳои дастрасӣ

Веломарафон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон


24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон веломарафон ё пойгаи дучархасаворӣ баргузор мешавад.

Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, «мо ҳамасола ду бор дар пойтахти кишвар веломарафон баргузор мекунем. Дар пойгае, ки ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, ҳам дӯстдорони дучархасаворӣ ва ҳам варзишгарони касбӣ ширкат меварзанд. Ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, оммавӣ гардидани навъи варзиши олимпӣ - велосипедронӣ барпо карда мешавад. Иштирокдорони веломарафон, ки синнашон аз 16-сола болост, ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: аз 16 то 20-сола, аз 20 то 40-сола ва аз 40-сола боло. Веломарафон масофаи 35 километрро дар бар мегирад




Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, веломарафон соати 9 аз майдони “Дӯстӣ”, назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуда, бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – хиёбони Саъдии Шерозӣ - хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – кӯчаи Карамов то постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии «Чорбоғ» идома мекунад. Самти бозгашт — корхонаи “Тоҷиксемент” - хиёбони Рӯдакӣ-майдони “Дӯстӣ”.

Ҷаноби Қурбонов афзуд, Кумитаи тадорукоти веломарафон ғолибони пойга ва онҳоеро, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувуму севумро мегиранд бо тӯҳфаҳо сарфароз мегардонад. Инчунин бонувоне, ки дар ин пойга натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, бо тӯҳфаҳо мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG