Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи қонуни матбуот боз ба таъхир афтод


Ҷаласаи порламони Тоҷикистон
Ҷаласаи порламони Тоҷикистон
Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баррасии тарҳи қонуни матбуотро ба таъхир гузоштааст. Акрамшоҳ Филолиев-вакили Маҷлиси Намояндагон ба радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии ин тарҳ ба охирҳои моҳи ноябр гузошта шудааст.

Ба гуфтаи вай, то ҳол дар баъзе моддаҳои ин тарҳ, ки ба паҳлуҳои нозуки масъалаҳои матбуот рабт мегирад, баъзе идораҳо ба хулосаи зарурӣ нарасидаанд. Филолиев гуфт, пас аз расидан ба натиҷаи ниҳоӣ тарҳи он ба рузномаи шӯрои Маҷлиси Намояндагон ворид мешавад ва кумитаҳо онро баррасӣ хоҳанд кард.

Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия шуда буд.

Ин тарҳ чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ шуд ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар порлумон то кунун тӯл мекашад.
XS
SM
MD
LG