Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Аврупо барои будҷа ба музокироти бештар ниёз доранд


Раҳбарони Аврупо ҳангоми музокира
Раҳбарони Аврупо ҳангоми музокира
Интизор меравад, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа музокироти худро барои баррасии будҷаи 7-солаи ин иттиҳодия аз сар бигиранд. Мулоқоти мухтасари онҳо субҳи рӯзи ҷумъа бидуни натиҷа анҷом ёфт. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон баъд аз ин мулоқот ба рӯзноманигорон гуфт, вай бовар надорад, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ тавофуқоте ба даст ояд ва чунин ба назар мерасад, ки музокироти дигар низ бояд баргузор кунанд.

“Ман бовар дорам, ки мавзеъгирии тарафҳо ҳанӯз ҳам аз якдигар хеле дур аст. Акнун пешниҳоди нав матраҳ шудааст ва коршиносони мо онро меомӯзанд. Мо бори дигар нимарӯзии пагоҳ бо ҳам мулоқот мекунем”.

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, вай интизор аст, ки барои расидан ба тавофуқ музокироти ҷиддӣ сурат мегирад. Иттиҳодияи Аврупо барои солҳои 2014-2020 як триллион евро будҷаи худро ба нақша гирифтааст.

Бо назардошти ин, ки рушди иқтисод дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо кунд шудааст, Британияву Олмон ба унвони кишварҳои аслии таъминкунандаи будҷет мехоҳанд, ки бахши масорифи будҷа маҳдуд карда шавад.
XS
SM
MD
LG