Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони маҳбуси тоҷик аз сафорати Амрико кӯмак хостаанд


Як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои муайян кардани вазъи фарзандаш дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд, аз сафорати Амрико дар Душанбе кӯмак хостааст.

Маҳмурод Одинаев, сокини ноҳияи Ҳисор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл аз тариқи интернет ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон, хонум Сюзан Эллиот, нома ирсол карда, барои муайян кардани ҳолати фарзандаш, Суннатулло Ризоев дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд кӯмак хостааст. Ба гуфтаи Маҳмурод Одинаев аз ҷониби сафорат дар мавриди дастрас шудани нома иттилоъ дарёфт кард.

Дар ҳамин ҳол, аз сафорати Амрико ба «Озодӣ» гуфтанд, ки дар ҳақиқат номаи шаҳрванди Тоҷикистон бо имзои Маҳмурод Одинаев вориди сафорат шуда, дар рӯзҳои наздик ба бахши дахлдори сафорат фиристода мешавад.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, рӯзи 6-уми ноябр, писараш, Суннатулло Ризоевро, ки дар маҳбаси рақами аввали пойтахт нигаҳдорӣ мешуд, бидуни огоҳии волидон ба зиндони 23-юми шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Вай афзуд, ки як рӯз баъд аз интиқол ба зиндони Хуҷанд, писараш занг зада, гуфтааст, ки ӯро кормандони зиндон “бераҳмона латту кӯб кардаанд.”

Суннатуло зимни шарҳи аҳволаш ба волидон гуфтааст, ки кормандони маҳбас ҳангоми латту кӯб гуфтаанд, ки «шумо моро фурӯхтед, ба газетаҳо дар бораи марги Ҳамза Икромзода хабар додаед.»

Маҳмурод мегӯяд, ки борҳо ба Додситонии кул дар мавриди бадрафтории кормандони маҳбас муроҷиат кардааст, аммо то кунун посухе нагирифтааст ва муроҷиати ӯ ба идораҳои дигари давлатӣ низ натиҷае набахшидаанд.

Ахиран созмонҳои зидди шиканҷа аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки барои мулоқот бо маҳбусон, ба онҳо иҷозат диҳанд, аммо то кунун аз тарафи мақомоти Тоҷикистон посухе дода нашудаст.Инчунин вакилони дифоъ низ натавонистаанд бо зиндониёни латукӯбшуда мулоқот кунанд.

Намояндагони маҳбас мегӯянд, азбаски гурӯҳи маҳбусон аз Душанбе интиқол шудаанд, барои омода кардани санадҳояшон як давраи муайян лозим аст. Аз ин рӯ дар ин маҳбаси Хуҷанд карантин эълон гардидаст ва бо анҷоми он волидон метавонанд бо фарзандони худ мулоқот кунанд.

Дар ибтидо масъулони маҳбаси Хуҷанд гуфта буданд, ки пас аз 10 рӯзи интиқол иҷозаи мулоқот бо маҳбусонро хоҳанд дод, аммо ҳамакнун бо гузашти наздик ба 20 рӯз, мулоқоти зиндониён бо наздиконашон сурат нагирифтааст.

Маҳмурод Оиднаев мегӯяд, ки дар мулоқот бо Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳида дар ҳамин масъала ва хусусан дар бораи вазъи фарзандаш Сунатулло Ризоев суҳбат хоҳад кард. Вай изҳори умедворӣ мекунад, ки сафорати Амрико ба унвони кишвари бузурги демократӣ дар ин масъала кӯмак хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG