Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи қонуни матбуот ба таъхир афтодааст


Шӯрои парлумони Тоҷикистон баррасии тарҳи қонуни матбуотро ба охирҳои моҳи ноябр гузоштааст.

Акрамшоҳ Филолиев, вакили парлумон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе идораҳо дар нисбати чанд паҳлӯи қонуни мазкур ба хулосаи умумӣ наомадаанд. Вай афзуд, ки пас аз ба натиҷаи ниҳоӣ расидан, тарҳи он ба кумитаҳои парлумон барои муҳокима пешниҳод хоҳад шуд.

Тарҳи нави Қонуни матбуот, ду соли пеш, аз сӯи вакилони парлумон, Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия шуда буд. Ин тарҳ чанд навбат дар маҳофили рӯзноманигорон баррасӣ шуда, мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо бо сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун тӯл кашидааст.

Махсусан, бо назардошти он, ки бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шудааст, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст.

Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990-ум аз сӯи парлумони Тоҷикистони Шуравӣ қабул шуда буд. Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.
XS
SM
MD
LG