Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ бо як фармон ба салоҳиятҳои худ афзуд


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ ба фармоне имзо кард, ки ба ӯ салоҳиятҳои бештар эъто мекунад. Дар фармон омадааст, ки “фармонҳо, қарорҳо ва қонунҳои имзокардаи раисиҷумҳур ниҳоист ва набояд бозбинӣ шаванд.” Бо фармони Мурсӣ ҳамчунин ягон ниҳоди қазоия ҳаққи мунҳал кардани маҷлиси масъули таҳияи Қонуни асосии ҷадидро надорад. Аксарияти ин маҷлисро тарафдорони исломгарои Мурсӣ ташкил медиҳанд. Мурсӣ дар пайи мунҳал шудани маҷлиси поёнии парлумон аз сӯи додгоҳ салоҳияти қонунгузориро ҳам алакай соҳиб шуда буд. Ӯ ҳамчунин додситони кулли Мисрро барканор карда, ҷиҳати муҳокимаи дубораи мақомоти режими Ҳуснӣ Муборак бо иттиҳоми куштори эътирозгарон дар ошӯбҳои соли 2011 амр додааст. Раҳбари мухолифин Муҳаммад Бародаӣ Мурсиро айбдор кард, ки мисли “фиръавни нав” рафтор мекунад.
XS
SM
MD
LG