Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Маскав ба мизбонии машқи артишҳои СНГ


Рӯзи 28 ноябр дар Маскав машқи густардаи фармондеҳии нирӯҳои дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои ҳамсӯд(СНГ) доир мешавад. Дар ин машқ нирӯҳои 8 кишвари СНГ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Сухангӯи нирӯҳои зиддиҳавоии Русия гуфтааст, дар машқи Маскав ҳудуди 100 ҳавопаймо ва ҳамчунин чархболҳо ҷалб шуда, нирӯҳо шеваҳои назорати мавридҳои нақзи ҳарими ҳавоии кишварҳои СНГ ва роҳҳои наҷот додани ҳавопаймоҳои харобшударо тамрин мекунанд.
XS
SM
MD
LG