Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Данғара як зан шавҳарашро оташ задааст


Дар яке аз канораҳои маркази ноҳияи Данғара як зани модари 3 фарзанд аз ғояти рашк шавҳарашро оташ задааст. “Азия Плюс” аз қавли манобеъ дар пулис хабар дод, ки ин зан дар пайи дидани сӯҳбати пурханда ва тӯлонии шавҳараш бо як хонуми дар он манотиқ “бадном” шавҳарашро баста, ба сару рӯяш керосин мерезад ва оташ мезанад. Дар диспансерии амрози рӯҳӣ гуфтаанд, ки ин зан таҳти назорати равоншиносон қарор дошта, табобати амбулаторӣ ҳам мегирифт, вале вазъи сиҳҳаташ ба бемористон хобондани ӯро талаб намекард.
XS
SM
MD
LG