Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони 8 кишвари исломӣ дар Покистон ҷамъ шуданд


 Осиф Алӣ Зардорӣ-президенти Покистон

Осиф Алӣ Зардорӣ-президенти Покистон

Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Покистон раҳбарони ҳашт кишвари исломӣ таҳкими ҳамкриҳоро баҳс намуданд. Нишасти гурӯҳи ба истилоҳ “Д8”-ро президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ифтитоҳ намуд. Дар лаҳзаи охирин президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ сафараш ба Покистон лағв кард, то рӯи иҷрои оташбас миёни Исроилу фаластиниҳо тамаркуз намояд. Ба ҷои Мурсӣ ноибаш Маҳмуд Меккӣ ба Исломобод рафтааст. Дар нишасти Исломобод президентҳои Эрон, Индонезия, Нигерия ва Покистон ҳамроҳ бо раҳбарони Малайзияву Бангладеш ва сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳузур доранд.
Дар ҳоле, ки расман мавзӯи асосии нишаст рушди иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ номида мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки раҳбарон ҳаводиси ахири Ғазза ва низои Сурияро низ баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG