Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа изҳороти Каримовро оиди "ҷанг" шарҳ дод


Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД.

Дабири кулли СПАД гуфтааст, нерӯҳои ин созмон барои ҳалли низоъҳое, ки метавонанд дар заминаи обу энержӣ дар Осиёи Миёна рух диҳанд, истифода нахоҳанд шуд.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сӯҳбат ба расонаҳои русӣ таъкид кардааст, ки ҳалли масоили обу энержӣ дар салоҳияти ин созмон нест.

Бордюжа афзудааст, аз изҳороти ахири Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар Остана огаҳ аст, ки гуфта буд: «Агар кишварҳои болооб дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург мавқеи кишварҳои поёнобро сарфи назар кунанд, ин метавонад бо ҷанг анҷомад.»

Бордюжа изҳори боварӣ кардааст, ки ин изҳороти раисиҷумҳури Узбакистон маънои ҳушдор аз истифодаи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикаро надорад: "Аниқ намедонам, ки раисиҷумҳури Узбакистон бо ин суханҳояш чиро дар назар дошт, лекин вайро шахсан мешиносам ва метавонам бигӯям, ки ин маънои ҳушдор аз истифодаи қувваҳои мусаллаҳи Узбакистонро надорад. Дар ин ҷо фишангҳои зиёди дигари сиёсию иҷтимоӣ аст, ки имкон дорад барои ҳалли якдигарнофаҳмиҳо дар бахши обу энергетика истифода шаванд."

Ҷаноби Бордюжа ёдовар шудаст, ки айни ҳол ташхиси тарҳҳои гидроэнергетикӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ идома дорад ва баъди анҷоми он имкон дорад, қарорҳое пешниҳод гарданд, ки мавриди қабули Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон қарор бигиранд. Ба ақидаи оқои Бордюжа, яке аз роҳҳои бартараф кардани сӯитафоҳумҳоро Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни сафараш ба Қирғизистон баён карда буд, ки "кишварҳои поёноб дар сохтмони нерӯгоҳҳои калон дар болооб саҳм гузоранд ва имкон пайдо мекунанд, ки дар танзими фаъолияти ин иншоотҳо иштирок намоянд."

Дабири кулли СПАД таъкид кардааст, ки инро яке аз роҳҳои беҳтарини коҳиши таниш дар минтақа медонад ва афзудааст, ки албатта қарори ниҳоӣ дар дасти роҳбарияти кишварҳои минтақа мебошад. Ҷаноби Бордюжа гуфтааст, аниқ медонад, ки ҳеҷ яке аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна, фикри истифодаи нерӯро барои ҳалли мушкилоти обу энержӣ надоранд: «Ростӣ, дар маҷмӯъ бигирем ин ғайриимкон аст.»

Дар мавриди он, ки дар кадом ҳолатҳо нерӯҳои СПАД ба ҳалли қазия дар кишварҳои аъзо дахолат мекунанд, оқои Бордюжа гуфтааст, ки агар мақомоти қудратии дохилӣ натавонанд амнияти давлату шаҳрвандонро таъмин кунанд ва агар ҳукумати қонунан интихобшуда аз паймон дархости кӯмак кунад, онҳо дар ин ҳолат вориди амал хоҳад шуд.

Ӯ гуфтааст, ки дар ҳаводиси ахири Бадахшон, ҳукумати Тоҷикистон ба СПАД муроҷиат накардааст ва нерӯҳои қудратии Тоҷикистон тавони ҳалли чунин низоъҳоро доранд. Вай афзудааст, ки нерӯҳои Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳо бо он бартарӣ доранд, ки собиқаи ҷангӣ ва аз таҷрибаи иштирок дар амалиёти махсус ба зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ бархӯрдоранд.
XS
SM
MD
LG