Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилу фаластиниҳо оташбасро муроот мекунанд


Муҳаммад Комил Амр ва Ҳиллари Клинтон дар Қоҳира
Муҳаммад Комил Амр ва Ҳиллари Клинтон дар Қоҳира
Рӯзи панҷшанбе оташбас миёни ҷунбиши исломии Ҳамос ва Исроил дар минтақаи Ғазза муроот шуд. Ин созиш баъди бархӯрдҳои ҳафт рӯзи ахир шоми чоршанбе ҳосил шудааст. Дирӯз дар Қоҳира вазири корҳои хориҷии Миср Муҳаммад Комил Амр ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ин иттилоъро ба рӯзнонимагорон расонданд. Сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу мегӯяд, ӯ ба машварати ИМА гӯш дода, ба созиши оташбас, ки бо миёнаравии Миср ҳосил шудааст, имкони иҷро фароҳам меорад. Вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак мегӯяд, амалиёти Исроил ҳадафҳои низомиашро татбиқ намуд. Аммо раҳбари Ҳамос Холид Машъал бар ин назар аст, ки оташбас шаҳодати нокомии тактикии Исроил мебошад. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун, ки дар музокирот нақш доштааст, аз ҳар ду ҷониб иҷрои оташбасро тақозо намуд. Дар бархӯрдҳои миёни фаластиниҳову Исроил 161 фаластинӣ ва аз ҷумла 71 фаластинии мулкӣ ва панҷ исроилӣ ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG