Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъули бомбгузориҳои Покистон будаанд


 Макони бомбгузории маргталабонаи Равалпиндӣ
Макони бомбгузории маргталабонаи Равалпиндӣ
Дар наздикиҳои шаҳри Исломободи Покистон як бомбгузори маргталаб камаш 23 нафарро кушта, 60 каси дигарро маҷрӯҳ намуд. Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи шоми чоршанберо бар дӯш гирифтаанд. Бомбгузор издиҳоми мусулмонони шиамазҳаб дар шаҳри Равалпиндиро ҳадаф қарор дода буд. Ҳамчунон рӯзи чоршанбе дар назди як масҷиди мусулмонони шиамазҳаби шаҳри Карочӣ пайи ҳам ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Полис мегӯяд, дар ин таркишҳо ҳадди ақалл як кас ҳалок шуда, чанд тани дигар захмӣ шудаанд. Феълан шиаҳо моҳи шарифи Муҳаррамро ҷашн мегиранд. Хушунат дар арафаи мулоқоти раҳбарони ҳашт кишвари исломӣ дар Покистон ба вуқӯъ пайвастааст. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин нишаст роҳҳои таҳкими тиҷорат ва сармоягузорӣ баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG