Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Маскав муҳоҷирати кориро баҳс мекунанд


Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр иттилоъ дод, ки дар Душанбе музокироти намояндагони мақомоти ҳукумати Русия дар умури муҳоҷирати корӣ бо ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон оғоз шуд ва дар назар аст, ки тайи ду рӯзи дигар идома пайдо кунад. Ҳайатҳои ду ҷониб, ки дар заминаи меморандуми ҳамкорӣ дар масъалаи муҳоҷирати корӣ, ки байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни сафари Влидимир Путин ба Тоҷикистон дар таърихи 4-уми октябр ба имзо раида буд, баҳс намуда санадҳоро барои имзои Созишномаи дуҷониба омода мекунанд. Ҳоло баҳси ҳайатҳои ду ҷониб дар мавриди нукоти созишнома, аз ҷумла бандҳои вобаста ба масъалаи сабти муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, зарурати соҳибтахассусии муҳоҷири корӣ, донистани забони русӣ ва масоили дигар мебошад.
XS
SM
MD
LG