Пайвандҳои дастрасӣ

Табақаи миёна то соли 2015, 10 фоиз афзоиш меёбад


Дар Тоҷикистон то соли 2015 сатҳи камбизоатӣ то 31.5 фоиз кам хоҳад шуд.
Ин нукта, зимни як ҷаласа дар вазорати рушди иқтисоду савдо таъкид гардидааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин вазорат, дар оғози ҷаласа Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, ҳадафи онро коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна гуфтааст. Дар ҷараёни муаррифии Стратегияи мазкур ҳамзамон қайд шудааст, ки тибқи сенарияи эҳтимолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад.
XS
SM
MD
LG