Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи 6 қудрат ба зарурати гуфтугӯ бо Эрон


6 қудрати ҷаҳонӣ ҷиҳати баргузории ҳарчӣ зудтари даври нави музокироти ҳастаӣ бо Эрон тавофуқ кардаанд. Мақомоти Чину Русия, Амрикову Бритониё ва Фаронсаву Олмон рӯзи 21 ноябр дар Брюссел нақшаи тамосҳои оянда бо Теҳронро баҳс карданд. Ҳадафи аз ин музокирот ба қатъи фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаияш ташвиқ кардани Ҷумҳурии исломист. Давраи қаблии гуфтугӯҳо моҳи июн дар Маскав ихтилофи назари ду ҷонибро рафъ накард. Эрон давъои Ғарб дар бораи қасди сохтани силоҳҳои ҳастаӣ доштанашро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG