Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли боз 6 маҳбус дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон бо вуҷуди маҳкумияти байналмилалӣ боз 6 маҳбусро эъдом карданд. Рафӣ Фирдавс- сухангӯи Шӯрои вазирони Афғонистон – гуфт, ин маҳбусон ба қасди ҳамлаҳои маргталабона ва анҷоми ҳамлаҳо ба нирӯҳои амниятии афғон айбдор буданд. Мақомот рӯзи сешанбе низ 8 маҳбусро ба дор овехтанд. Ин эъдомҳоро ИА ва созмонҳои ҳуқуқи башар маҳкум карда, аз Кобул хостанд, то ба эъдомҳо поён диҳад. Ҳукми қатл дар аҳди Толибон роиҷ буд, вале дар 4 соли охир дар Афғонистон ҳамагӣ 2 ҳукми эъдом иҷро шуда буд. Дирӯз Толибон ҳушдор доданд, ки агар ҳукумат ҷангиёни ин ҷунбишро эъдом кунад, интиқом хоҳанд ҷуст.
XS
SM
MD
LG